Беш аз 22 фоиз сармоягузории ба рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё равонашуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд

Январь 16, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 16.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бонки рушди АвруОсиё гузориши «Шабакаи нақлиётии АвруОсиё: Мушоҳидаи лоиҳаҳо ва харитаи интерактивӣ»-ро нашр намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳадафи ин санад мусоидат ба назорат ва ҳамоҳангсозии рушди инфрасохтори долонҳо ва хатсайрҳои шабакаи нақлиётии АвруОсиё мебошад.

Бонки рушди АвруОсиё 325 лоиҳаро, ки ба Шабакаи нақлиётии АвруОсиё дохил карда шудаанд, то 1 июли соли 2025 бо ҳаҷми умумии сармоягузории 234,1 миллиард доллари амрикоӣ таҳлил кардааст. Беш аз 60 фоизи лоиҳа дар марҳилаи татбиқ, 12,8 фоиз дар марҳилаи омодасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва 27,2 фоиз дар марҳилаи банақшагирӣ қарор доранд.

Беш аз нисфи (51,9%) ҳаҷми умумии сармоягузориҳое, ки то соли 2035 барои рушди долонҳои байналмилалии нақлиётии шабакаи нақлиётии АвруОсиё пешбинӣ карда шудаанд, ба инфрасохтори роҳҳои автомобилгард равона карда мешавад. Барои рушди логистика, савдо ва сайёҳӣ, махсусан дар кишварҳо ва минтақаҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, сохтани роҳҳои баландсифати баландсуръат зарур аст.

То соли 2035 ба соҳаҳои савдо ва сайёҳӣ шоҳроҳҳои баландсуръат бо дарозии зиёда аз 10 ҳазор км ҳадди ақалл дар 7 кишвари минтақаи АвруОсиё хизмат мерасонанд. Ба ақидаи муаллифони гузориш, ин махсусан барои Осиёи Марказӣ, ки дар он нақлиёти автомобилӣ дар баланд бардоштани алоқаи нақлиётӣ нақши калидӣ мебозад, муҳим аст. Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 22 фоиз сармоягузориҳои ба рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё равонашуда рост меояд. 90 лоиҳа ба маблағи умумии тақрибан 53 миллиард доллари амрикоӣ дар ҳоли татбиқ қарор дорад ё ба нақша гирифта шудаанд. Қариб аз се ду ҳиссаи сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ ба рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард нигаронида шудааст.

Тибқи гузориши Бонки рушди АвруОсиё, Тоҷикистон ба ин лоиҳа миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. Дар байни кишварҳо аз 10 лоиҳаи бузургтарини рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё 7 адади он ба Русия тааллуқ дорад. Дар гузориш долонҳои шабакаи нақлиётии АвруОсиё номбар шудаанд. Аз рӯи долони ТРАСЕКА хатсайрҳои зерини автомобилгард, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, тазаккур ёфтаанд: Тошканд – Конибодом – Андиҷон; Бухоро – Қаршӣ – Тирмиз – Қурғонтеппа (Бохтар) – Кӯлоб; Душанбе – Тирмиз; Шерхон-Бандар –Панҷи Поён –Душанбе –Вахдат – Ҷиргатол (Лахш) – Қарамиқ; Мазори Шариф – Пули Хумрӣ – Панҷи Поён – Душанбе – Сари Тош; Тирмиз – Сариосиё – Душанбе – Вахдат – Кӯлоб – Хоруғ – Мурғоб – Қулма – Қаросу; Тошканд – Ойбек – Хуҷанд – Конибодом – Андархон – Қӯқанд; Тошканд – Ойбек – Хуҷанд – Душанбе – Қӯрғонтеппа (Бохтар) – Панҷи Поён– Шерхон-Бандар.

Аз рӯи долони Ҷанубӣ-АвруОсиёӣ: Истанбул (бандари Ҳайдарпошо) – Измир (бандари Деринҷе) – Мерзифон – Рафаҳиё – Гӯрбулоқ – Бозаргон – Эйвӯғли – Табрез – Қазвин – Теҳрон – Симнон – Домғон – Сабзавор – Машҳад – Догарун – Ислом Қалъа – Ҳирот – Мазори Шариф – Тирмиз – Ғузор – Самарқанд – Бекобод – Ойбек – Хуҷанд – Конибодом – Андархон – Қӯқанд – Андиҷон – Ӯш – Сари Тош – Иркештам – Қошғар – Урумчи – Сиан – Лянюнган (бандар)/Шанхай (бандар).

Гузориши Бонки рушди АвруОсиё 13 кишвари минтақаи Авруосиё- Арманистон, Афғонистон, Беларус, Гурҷистон, Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Русия, Туркманистон ва Узбекистонро дар бар мегирад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 16, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад