BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид

Январь 9, 2026 09:14

ДУШАНБЕ, 09.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи бонуфузи байналмилалии сайёҳӣ Lonely Planet Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» (Best in Travel 2026) ворид намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар медиҳад. 

Дар бахши «Hike and wild camping in Tajikistan» ба сайёҳон тавсия дода шудааст, ки аз манзараҳои дилрабои кӯҳӣ, табиати нотакрор ва меҳмоннавозии самимии сокинони маҳаллӣ баҳра бурда, таҷрибаи сафар ба Тоҷикистонро ба саёҳати хотирмон ва илҳомбахш табдил диҳанд.

Нашрияи «Lonely Planet» тақрибан 6 миллион нусхаро фаро гирифта, нишонаи нуфузи васеи он дар соҳаи рӯзноманигории сайёҳӣ арзёбӣ мегардад. Бознашри мақола марбут ба Тоҷикистон тавассути расонаҳои байналмилалӣ, дар мисоли CNN таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба иқтидори сайёҳии кишвар ҷалб намудааст.

Эътирофи байналмилалии Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ башоратдиҳандаи табиати ғанию нотакрор, таъриху фарҳанги куҳан, меҳмоннавозии мардуми тоҷик ва нишондиҳандаи самараи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти мамлакат дар самти рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.  Тафсилоти бештар дар сомонаи: htpp://www.lonelyplanet.com/best-in-travel#the-25-best-experiences-in-2026-hike-and-wildcamp-in-tajikistan.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус 

Январь 9, 2026 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои мудирияти захираҳои об баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Дабирхонаи Анҷумани ҳамкории Корея-Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Боку нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Словения баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Давлати Кувайт нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Меҳмонони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни олмонӣ — омӯзандагони забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин вохӯрӣ намуд
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026» иштирок намуданд
Ҳамкории судманд байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид