«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
ДУШАНБЕ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Соро компания»-и Душанбе дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 ғолиб омад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар бозии панҷум ва ҳалкунандаи силсилаи ниҳоӣ «Соро компания» бар дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд ғалаба карда (1:1, аз рӯйи пеналти – 5:4), унвони чемпионро ба даст овард. Бозии охирини силсилаи ниҳоӣ 4 январ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Ин шашумин унвони чемпионии «Соро компания» ба ҳисоб меравад. Бошгоҳи шаҳри Душанбе қаблан дар солҳои 2018, 2019, 2021, 2022 ва 2024/25 ҷоизаи чемпионии Тоҷикистонро ба даст оварда буд.
Медалҳои нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон-2025 насиби футзалбозони «Сипар» ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи «Истиқлол» гардиданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






