Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст

Январь 1, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 01.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи кор сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2025 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бо мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати Тоҷикистон шуруъ аз соли 2019 то 2025 дар кишвар дар ин самт тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Дар ин солҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфт . Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил додааст. Ҳамчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 баён гардид, агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯйи маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас он дар соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шудааст. Ҳоло истеҳсоли тилло назар ба соли 1991 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардидааст.

«Ба идомаи ин раванд, Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо истифода аз тамоми иқтидору имкониятҳо рушди воқеии солонаи соҳаро дар давоми панҷ соли минбаъда бояд дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намояд, -дастуру супориш доданд Президенти мамлакат.

Ҳамчунин дастуру супориш дода шуд, ки бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш тадбирҳои иловагӣ андешида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки ба Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030» ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад.

Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Саридораи геология ва Кумитаи андоз якҷо бо дигар вазорату идораҳо вазифадор шуданд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими фаъолият дар соҳаҳои зикршударо таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд.

Дар санадҳои таҳияшаванда масъалаҳои вобаста ба фарогирии пурраи оморӣ, соддагардонии расмиёти давлатӣ, аз ҷумла иҷозатномадиҳӣ, такмили тартиби андозбандии захираҳои табиӣ ва ҳалли мушкилоти дигар бояд равшан инъикос карда шаванд.

Хотирнишон гардид, ки дар раванди амалисозии ин вазифаҳо диққати махсус ба рушди саноати сабук, коркарди амиқи маҳсулот ва истеҳсоли металлҳои нодир ва муҳим равона карда шавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 1, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
«ЯК ҶАВОН — ЯК ДАРАХТ». Ин ташаббус ба ҳифзи табиат, ҷомеа ва ояндаи сабзи Тоҷикистон равона шудааст
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд