Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 14.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз нуктаҳои меҳварӣ муаррифӣ ва шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ мебошад.
Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шаванд. Дар робита ба ин Академияи миллии илмҳо ва дигар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ вазифадор карда шуданд, ки бо ҷалби олимону донишмандон консепсияи ин марказҳоро дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Таъкид шуд, ки ташкили Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе рамзӣ буда, гувоҳи меросбари асили тамаддуни ориёӣ маҳсуб шудани мо, тоҷикон мебошанд. Ташкили ин марказҳо имкон медиҳад, ки миллати тоҷик бори дигар ва ба таври шоиста ҳамчун меросбари ягонаи тамаддуни ориёӣ дар минтақа муаррифӣ шавад.
Инчунин дар ҳамоиш оид ба қабул гардидани ду ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид- 12 декабри соли 2025 қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва крисофера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» ва қаътномаи махсуси дигар «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» таъкид гардид. Дар иртибот ба ин ташаббусҳо Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.
Дар маърузаҳои олимону муҳаққиқон ба масъалаҳои афзалиятноки рушди илм, таҳкими пояҳои иқтисоди миллӣ, тақвияти амнияти иҷтимоӣ, истифодаи технологияҳои муосир, рушди рақамикунонӣ, инчунин нақши илм дар ҳалли мушкилоти замони муосир таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки ҷомеаи илмӣ дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои давлатӣ бояд барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона саҳм гузорад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Доир ба нақши илм дар рушди маънавии занон конференсия баргузор гардид






