Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд

Январь 24, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Молия ва дигаргунсозии рақамӣ» Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар кори конференсия намояндагони вазорату пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии молия, академияҳои молиявию илмӣ аз  дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва дигар шарикон масъалаҳои рақамисозии системаҳои молиявӣ, нақши пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисоди муосир ва зарурати он, рушди бозори коғазҳои қиматнок, ҳолати кунунии бозори молиявии Тоҷикистон, мушкилот ва дурнамои рушди онро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин дар он масъалаҳои баҳисобгирии маъмурӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ, ташаккули консепсияи умумии он, ташкили баҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ дар давраи иқтисодиёти рақамӣ, танзими андоз дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт, самтҳои асосии рақамикунонии маъмурикунонии андоз, рушди институтсионалии инфрасохтори бозори коғазҳои қиматнок, навовариҳо дар молияи исломӣ ва нақши онҳо дар рушди бозори коғазҳои қиматнокро мавриди муҳокима қарор гирифт.

Иброз гардид, ки молия ва дигаргунсозии рақамӣ  ба раванди ворид намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ мусоидат менамояд. Ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми сиёсати рушди иқтисоди рақамӣ, бо истифода аз бонкдории электронӣ, пардохтҳои онлайнӣ ва зеҳни сунъӣ барои беҳтар кардани хизматрасониҳо амалӣ мешавад. Ҳамчунин барои гузариш ба иқтисоди инноватсионӣ, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, аҳамияти муҳим дорад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Ҳамчунин дар ҷараёни баргузории конференсия байни Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии молияи Вазорати молияи Федератсияи Русия, Академияи молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистону Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки барои фароҳам овардани рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ тақозои замон буда, яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Зеро рақамикунонии иқтисодиёт имкон медиҳад, ки модели муосири рушди иқтисодӣ таҳияву татбиқ ёфта, сармояи байналмилалӣ ҷалб карда шавад, истеҳсолоти мавҷуда тағйир ва истеҳсолоти инноватсионӣ ба вуҷуд ояд. Ҳамзамон ба ин васила бозори дохилӣ таъмин ва содирот афзоиш меёбад.

 

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 24, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд