Дар шаҳри Берлин муколамаи сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ дар шаҳри Берлин даври навбатии муколамаи сиёсӣ байни Тоҷикистону Олмон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайати ҷонибҳоро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Никлас Вагнер роҳбарӣ намуданд.
Аснои музокирот оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, инчунин илму маориф ва фарҳанг мубодилаи афкор анҷом дода шуд.
Ҳамзамон масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, робитаҳои ду мамлакат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, инчунин тақвияти ҳамкорӣ дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мавриди таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатҳо қарор гирифтанд.
Тарафҳо барои тақвияти минбаъдаи ҳамкории судманд дар самтҳои афзалиятнок изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






