Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 04.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи ноябри соли 2026 дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Анҷумани сеюми забоншиносон аз 15 то 18 ноябри соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар он иштироки забоншиносон ва муҳаққиқони тамоми давлатҳои дунё, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд, дар назар аст.
Бояд иброз намуд, ки забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад. Бо ин забон донишмандону бузургони илму адаб осори оламшумул офарида, дар ғановати ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Имрӯз забони тоҷикӣ забони модарии миллионҳо сокинони бумии кишварҳое, чун Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра мебошад, зеро тоҷикон аз қадимулайём дар ин минтақаҳо зиндагонӣ мекарданд.
Дар Тоҷикистон забони давлатӣ забони модарии аксар сокинони ин мамлакат мебошад. «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, пешрафти босуботи ин забонро ҳамчун забони дорои мақоми давлатӣ дар даҳ соли оянда таъмин менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






