Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад

Январь 1, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 01.01.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи январи соли 2026 ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳавои шабонаи 1 январ ва 4 январ дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳавои рӯзона аз 1 то 3 январ бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа  гарм, рӯзона 3+8 дараҷа  гарм мешавад.  2 ва 3 январ ҳарорат баланд шуда, то 7+12 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то  3 дараҷа  гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Аз 1 то 4 январ дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд бориши борон ва барф дар назар аст. 2 январ ҳавои бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа  хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 1 то 4 январ бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. 2 январ ҳавои бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 ва 3-4 январ дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши борон ва барф дар назар аст. Танҳо 2 январ ҳавои бебориш дар назар аст. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар буда, 1 январ дар баъзе минтақаҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук мешавад. 2-4 январ ҳарорати ҳаво паст шуда, то 9-14 дараҷа хунук, рӯзона — аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3-8 то 9-14 дараҷа хунук мешавад.

Январь 1, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд