ДАРАХТ БИНШОН! Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара зиёда аз 10 ҳазор бех ниҳоли ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд

Январь 24, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва бо мақсади иҷрои бандҳои «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026»  аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар ниҳолхонаи хоҷагӣ зиёда аз 10 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Дар ҷараёни ниҳолшинонӣ таъкид карда шуд, ки раванди нигоҳубини ниҳолҳои шинонида бояд зери назорати ҷиддӣ қарор гирад, то дарахтон ба таври дуруст нашъунамо ёбанд.

Аҳамияти  шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар он аст, ки онҳо тамоми фасли сол сабз монда, ҳаворо тоза мекунанд. Яъне баргҳои онҳо давоми сол оксигенро ҷаббида, карбонат партоб медиҳанд ва ҳавои тозаро таъмин мекунанд. Инчунин решаҳои онҳо хокро мустаҳкам нигоҳ дошта, пеши шусташавӣ ва афтиши хокро мегиранд, ки ин барои минтақаҳои кӯҳӣ муҳим аст.

Ёдовар мешавем, ки аз оғози соли равон то моҳи март  дар мамлакат ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардидааст. Соли 2024  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид. Тибқи он дар марҳилаи якум (солҳои 2025-2027) дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта шинонида мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 24, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд