ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд

Январь 15, 2026 08:28

ДУШАНБЕ, 15.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи иқдоми «400-рӯзи ташаббускорӣ-иқдоми ҳизбиёни пойтахт барои таҷлили 35-солагии соҳибистиқлолӣ» маъракаи ниҳолшинонӣ доир шуд. Дар ин хиёбон ба миқдори зиёд ниҳолони ороишию сояафкан, аз ҷумла арчаи навъи «можжовелник» шинонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тавре масъул иброз доштанд, ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе амалӣ гардид.

Ҳадафи баргузории ин маърака татбиқи иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахт мебошад.

«Шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ дар баробари зебоӣ бахшидан ба симои пойтахт, инчунин ҷиҳати нигоҳ доштани экосистема, ҳифзи муҳити зист ва дар маҷмӯъ ба татбиқи «Стратегияи рушди иқтисодии сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки чунин маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар фасли зимистону баҳор ҷиҳати эълон гардидани соли 2026 – «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» бо ҷалби ташкилотҳои ҳизбӣ, вакилони шаҳриву ноҳиявӣ ва фаъолони ҳизбӣ роҳандозӣ мегардад.

Баргузории чунин иқдомҳои созандагию ободонӣ дар дигар минтақаҳои ҳудуди пойтахт низ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардида, дар ин давра ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевагӣ баргузор мешавад.

Ин иқдом дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, доир мегардад. Баргузории ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ дар моҳҳои ноябр-декабри соли 2026 низ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳадафи маъракаи саросарии ниҳолшинонӣ зиёд намудани майдони боғу ток, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, корхонаҳои коркард бо ашёи хом, рушди содиротии мамлакат, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молҳои воридотӣ, таъсис додани ҷойи нави кор, татбиқи иқтисоди «сабз», сабзазоркунӣ, ҳалли мушкилоти экологӣ, пешгирии гармшавии иқлим, таназзули заминҳои кишоварзӣ ва кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера мебошад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Январь 15, 2026 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд