Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати навсозӣ ва ба шароити муосири хизматрасонӣ мутобиқ гардонидани фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешад. Чунин супориш доданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки 16 декабри соли 2025 пешниҳод гардид. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Тавре масъулини соҳа иброз доштанд, дар айни замон аз ҷониби сохторҳои марбута ҷиҳати таъмини саривақтӣ ва босифати супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи навсозӣ ва ба шароити муосири хизматрасонӣ мутобиқ гардонидани фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб тадбирҳои муассир андешида шуда истодаанд.
Бояд илова намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон рушд намуда, ҷуғрофиёи парвозҳо фарох гардид. Ба роҳ мондани парвозҳо ба зиёда аз 20 давлати хориҷӣ ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши ҳавонавардӣ бо беш аз 30 давлати ҷаҳон аз ҷумлаи дастовардҳои соҳа дар ин давра маҳсуб мешавад.
Дар айни замон дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ-фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар, ду ширкати ҳавопаймоӣ – «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» фаъолият доранд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ инфрасохтори фурудгоҳии ҷумҳурӣ тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфтаанд.
Барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии авиатсияи гражданӣ дар мамлакат таҷҳизоти замонавии аэронавигатсионӣ насб гардиданд. Яке аз онҳо низоми D-ATIS (Digital Automatic Terminal Information Service) мебошад, ки интиқоли автоматии иттилоотро оид ба шароити кунунии обу ҳаво дар фурудгоҳ, самт ва суръати шамол, ҳарорат ва ҳолати бинишро дар минтақаи фурудгоҳ тибқи меъёрҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ таъмин менамояд.
Фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ тавассути ин таҷҳизот маълумоти дақиқро оид ба ҳолати фурудгоҳ барои фуруд ё парвоз пешниҳод менамоянд. Истифодаи низоми D-ATIS имкон медиҳад, ки ҳаҷми кори танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ коҳиш ёфта, сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ баланд бардошта шавад.
Бояд ёдовар шуд, ки 17 декабри соли 2025 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Ин қонун бо назардошти мутобиқ гардонидан ба стандартҳо ва тавсияҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ва иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати аъзо ба Конвенсияи авиатсияи граждании байналмилалӣ таҳия ва қабул гардидааст.
Ба қонуни мазкур бо мақсади пурраю равшантар ва оммафаҳм будани Кодекси фазои ҳавоӣ мафҳумҳои асосӣ ва моддаҳои нав дар мавзуи санҷиш ва назорати давлатии фаъолияти авиатсия, фаъолияти вобаста ба таъмини бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионии назоратшаванда, нозирони авиатсионӣ, ҷалби мутахассисон ба гузаронидани фаъолияти сертификатсионию назоратӣ ва таъминоти тиббӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ илова карда шуданд.
Тазаккур бояд дод, ки ҳадаф аз иқдомҳои бунёдкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ татбиқи сиёсати «Осмони кушод» ва ҷалби бештари ширкатҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории авиатсионӣ мебошад. Аз ҷумла, соли 2025 байни ширкати ватании «Сомон Эйр» ва ширкати амрикоии «Боинг» шартномаи дарозмуҳлат оид ба хариди 14 ҳавопаймои муосир ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин нақшаи парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва Амрико муҳокима гардид, ки иқтидор ва ҷуғрофияи парвозҳои ширкати ватаниро васеъ мекунад.
Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади рушди бештари соҳа моҳи августи соли 2024 «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» қабул шуд.Ҳадафи қабули Барнома таъмини бехатарии ҳаёту саломатии мусофирон, ҳайати парвоз, кормандони рӯйизаминӣ, ҳифзи киштиҳои ҳавоӣ, иншооту инфрасохтори фурудгоҳҳо, бозомӯзии ҳайати кормандони хадамоти бехатарии фурудгоҳҳо ва самаранокии мунтазами парвозҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Қабули ин Барнома, инчунин ба боло бурдани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва афзудани эътимоднокии шарикони хориҷӣ барои ҳамкории судманду шаффоф вобаста ба таъмини бехатарии авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Соли 2025 ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 12 миллиарду 720,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 13 феврал дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба 10 миллиарду 740 миллион доллар расид
Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика дар Тоҷикистон бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар Хатлон беш аз 80 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ сохта мешавад
Соли 2025 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок 3,5 фоизро ташкил дод
Пойгоҳи кушодаи рақамии харитасозии миқёси 1:10000 барои ҳудуди Тоҷикистон таъсис дода шуд
Агентии «Тоҷикстандарт» аз фурӯшандагон талаб менамояд, ки ба кӯдакону наврасон нӯшокиҳои руҳафзо нафурӯшанд
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ қабул гардид»
Қурби расмии сомонӣ соли 2025 нисбат ба доллари амрикоӣ 15,4 фоиз устувор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон қариб 400 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд
Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафоти неруи барқ ҷаласаи корӣ доир шуд






