«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид

Январь 20, 2026 16:00

ЛАХШ, 20.01.20026 /АМИТ«Ховар»/. Дар ноҳияи Нуробод даври сеюми бозии футболи ҷумҳуриявии Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти унвони  «Футбол ба назди шумо меояд» баргузор шуда, дар он дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш сазовори ҷойи аввал гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш    хабар доданд.

Дастаи кӯдакони 9-10-соларо Раиси ноҳияи Лахш пешвоз гирифта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Дар даври сеюми бозии футболи ҷумҳуриявии Лигаи футболи кӯдакон ва наврасон  кӯдакони солҳои таваллуди 2016-2017 аз шаҳру ноҳияҳои  Нуробод, Лахш, Ҷайҳун, Шаҳринав, Ҳисор ва  Турсунзода бозӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади густариши футболи ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи лигаҳои касбӣ ва омодасозии мутахассисон дар ҷумҳурӣ  «Стратегияи рушди футболи миллӣ то соли 2026» таҳия ва амалӣ мегардад. Федератсияи футболи Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти футболи миллӣ барои рушди ҷавонон ва тақвияти ҳамбастагии иҷтимоӣ ба хотири оммавӣ гардонидани футбол дар байни кӯдакону наврасон ва занону мардон чунин иқдоми муҳимро амалӣ менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш

Январь 20, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд