ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
ДУШАНБЕ, 06.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар мамлакат кишоварзон дар заминҳои кишт яхҷуфт мегузаронанд. Яхҷуфт асосан дар нимаи дуюми шаб гузаронида шуда, онро шудгори шабона низ мегӯянд. Чунин иброз намуд директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарофиддин Кароматов ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, то 10 январ ҳарорат шабона паст ва рӯзона баланд мешавад. Дар робита ба пешгӯи обуҳавошиносон, олимони соҳа тавсия медиҳанд, ки шудгор бояд дар нимаи дуюми шаб гузаронида шавад. Зеро дар ҳарорати пасти ҳаво қисми болои замин ях мекунад. Барои шудгори шабона техникаи тасмачарх истифода бурда мешавад.
Дар фасли зимистон шудгор ва яхоб мондан манфиати зиёд дорад. Тавассути он ҳашароти зараррасон ва бемориҳо нобуд мегарданд.
Ба иттилои кишоварзон, шудгоркунӣ ва яхобмонӣ маъракаи муҳим барои кишоварзон мебошанд. Зеро ҳангоми шудгор хок омезиш ёфта, тухми алафҳои бегона, зараррасону барангезандагони бемориҳои зироати хушк ба зери хок афтида, нобуд мегарданд. Дар қабати поёнии шудгор бо таъсири намии дубора ва микрофлораи фаъоли муфиди хок моддаҳои ғизоии барои растанӣ зарурӣ зиёд мешаванд.
Шудгори замин вобаста ба зироат гузаронида мешавад. Яъне, барои пунбадона чуқурии он зиёда 40 сантиметрро бояд ташкил диҳад. Ҳамчунин дар вақти шудгор додани пору ба замин ҳатмӣ мебошад.
Ба тавсияи мутахассисони соҳа, шудгори барвақтӣ, ки дар фасли тирамоҳ гузаронида мешавад, барои ҳосили фаровон замина мегардад. Зеро замин як муддат дам гирифта, мулоим мешавад, инчунин дар сардии ҳаво алафҳои бегона нобуд шуда, дар натиҷа ҳосили фаровон ба даст меояд. Агар шудгор босифат гузаронида шавад, яъне хок хуб майда шуда, пору ва алафҳои бегона зери хок гардонида шаванд, дар ин ҳолат тухми алафҳои бегонаю ҳашароти зараррасон ва барангезандаи касалиҳо кам ва ё пурра нест шуда, дар ин гуна замин ҳосил фаровон мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






