МАРКАЗИ ФАРҲАНГИ МУСИҚИИ ТОҶИК. Рисолати ин марказ аз чӣ иборат аст?
ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик» ба фаъолият оғоз менамояд. Ҳадафи таъсиси ин марказ чист ва вазифаи он аз чӣ иборат аст? Дар робита ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза Давлатзода Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод чунин посух дод:
— Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тавзеҳу таҳқиқи мероси мусиқии тоҷикон таъсиси Маркази фарҳанги мусиқии тоҷикро иқдом намуд. Он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҷонибдорӣ гардид. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2025 дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик» ба тавсиб расид.
Таъкид гардид, ки санъати мусиқии тоҷик ҷузъи таркибии фарҳанги тоҷик буда, таҳқиқу омӯзиши таърих масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳадафи ин марказ таҳқиқи мероси фарҳанги мусиқии тоҷик, эҳёи суннатҳои мусиқӣ, яъне мактаби шогирд ва устод, мусоидат ба рушди эҷодии ҳунармандони ҷавон ва амалисозии лоиҳаи илмӣ ва эҷодӣ мебошад.
Дар ин хусус сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Низом иброз намуд, ки дар айни замон аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик» идома доранд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар назди ин марказ якчанд зерсохтори дигар, ба монанди озмоишгоҳи созҳои мусиқӣ, осорхона ва китобхонаи соҳавии мисиқӣ ва дар заминаи мактабҳои бачагона гурӯҳҳои ҳунармандони бачагона низ таъсис дода мешаванд.
Иброз гардид, ки халқи тоҷик аз замони қадим дорои савту мусиқӣ буд, ки он аз насл ба насл ба мерос мондааст. Мусиқии мардуми тоҷик таърихи бою рангин ва қадимӣ дошта, сарчашмаи пайдоиши баъзеи онҳо ҳатто аз ҳазорсолаҳои пеш аз милод мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки “мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддию ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем”.
Вобаста ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо назардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг барои ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
«Борбад, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ – дар замони давлатдории Сосониён зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст», — таъкид намуданд Пешвои миллат.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардиданд, ки маблағгузории фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик»-ро дар заминаи муассисаҳои тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои кории амалкунанда дар соли 2025 ва солҳои минбаъда таъмин намоянд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






