МАРКАЗИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ВА МАЛАКАҲОИ КАСБИИ МУОСИР. Кадом касбу ҳунарро дар ин ҷо метавон омӯхт?

Январь 24, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоии замони муосир ба ҳисоб рафта, шуғли пурра ва самаранок дар рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши калидӣ дорад. Таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ сатҳи некӯаҳволии ҷомеаро баланд мебардорад. Роҳи асосии ҳалли мушкилоти шуғл касбомӯзӣ ба ҳисоб рафта, тағйироти шароити пешрафти илму техника ва бозори меҳнат пайдоиши талабот ба касбҳои навро тақозо менамояд. Вобаста ба ин мавзуъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази рушди малакаҳои касбии муосир» Рустам Шамсов суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Дар оғоз мегуфтед, ки фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази рушди малакаҳои касбии муосир» ба кадом самт нигаронида шудааст?

Рустам Шамсов: Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият менамоянд. Марказ ва филиалҳои он бо назардошти талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва забономӯзиро ба роҳ мондааст. Ҳамзамон барои фарогирии бештари аҳолӣ дар минтақаҳои дурдаст корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ мунтазам анҷом дода мешаванд.

Танҳо соли 2025 дар даврҳои касбомӯзии марказ ва филиалҳои он беш аз 36 ҳазор шаҳрвандон – ҷавонон, занону духтарон, шахсони бекор, муҳоҷирони ба Ватан баргашта ва шаҳрвандони имконияташон маҳдуд (маъюбони гурӯҳҳои 2 ва 3) ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

АМИТ «Ховар»: Филиалҳои марказ дар кадом шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шудаанд?

Рустам Шамсов: Бо ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкасб намудани аҳолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат филиалҳои нави марказ таъсис дода шуданд. Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки аҳолӣ дар маҳалли зисти худ бе мушкилӣ ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта шавад. Дар натиҷа шумораи умумии филиалҳои марказ ба 51 адад расид. Танҳо соли 2025 дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ 13 филиали нав – шаҳрҳои Турсунзода, Роғун ва ноҳияҳои Васеъ, Муъминобод, Ховалинг, Шаҳритус, Ҷалолиддини Балхӣ, Балҷувон, Панҷ, Кушониён, Зафаробод, Спитамен ва Лахш таъсис дода шуд. Дар онҳо барои шаҳрвандон шароит ва имконият барои касбомӯзӣ муҳайё гардидааст.

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои касбомӯзӣ, ҳунаромӯзӣ, ташкили ҷойи нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит менамояд, ки сиёсати иҷтимоии давлат ба баровардани ниёзҳои воқеии шаҳрвандон равона карда шудааст. Президенти Тоҷикистон соли 2025 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «имрӯз ҳар шахс бояд ҳунар дошта бошад, зеро шахси соҳибҳунар дар зиндагӣ роҳашро меёбад ва ба ҷомеа низ манфиат меорад».

АМИТ «Ховар»: Даврҳои омӯзишӣ дар марказҳои касбомӯзӣ ройгон аст ё пулакӣ?

Рустам Шамсов: Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» чун яке аз сохторҳои татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ уҳдадор аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои таълимӣ ва амалӣ таҳия намуда, бо фарогирии ҳарчӣ бештари шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои амалӣ дар рушди ҷомеаи соҳибмаърифат ва соҳибкасб саҳм гузорад.

Ҳар шаҳрванд, бахусус ҷавонон ва занону духтарон бояд аз имконияти фароҳамоварда самаранок истифода намуда, бо дастгирии давлат ва ҳидояти Сарвари давлат барои фардои дурахшони худ ва Тоҷикистон саҳм гузорад. Ин иқдом ба вусъати шуғли пурсамар, рушди иқтидори меҳнатӣ ва коҳиши муҳоҷирати иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Дар ин замина бояд гуфт, ки марказ аз рӯйи се самт фаъолият мекунад, аз ҷумла самти барномавӣ, ки шаҳрвандон тавассути роҳхатҳои мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ройгон ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Самти худмаблағгузор тибқи нархномаи тасдиқшудаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин тибқи тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон (валидатсия) амалӣ мешавад.

АМИТ «Ховар»: Дар ин марказҳо кадом касбҳо, аз ҷумла касбҳои муосир омӯзонида мешаванд ва ба кадоми  онҳо  талабот зиёд аст?

Рустам Шамсов: Дар марказ ва филиалҳои он мутобиқи талаботи бозори меҳнат якчанд касби муосир ва серталаб омӯзонида мешаванд. Аз ҷумла, асосҳои омӯзиши компютер, муҳосиб бо донистани кор дар компютер, дӯзандагӣ, тарроҳ, бофанда, сартарош, ороишгари мӯй, рӯй ва нохун, ошпазӣ ва қаннодӣ, таъмири телефонҳои мобилӣ, устои барқ (электрик), кафшергар, кафшергари газию барқӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, кореягӣ, олмонӣ, ҷопонӣ ва туркӣ), инчунин ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, кандакорӣ,  қолинбофӣ ва дигар касбҳо.

Дар умум «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» аз рӯйи 119 касбу ихтисос фаъолият мекунад.

Омӯзиши ин касбҳо ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки малакаи касбии замонавиро азхуд намуда, баъди хатми даврҳои омӯзишӣ ба бозори меҳнат ворид шаванд, ҷойи кор пайдо намоянд ё фаъолияти соҳибкорӣ ба роҳ монанд.

Касбҳои серталаб бофандагӣ, дӯзандагӣ, қолинбофӣ, ошпаз-қаннод, кафшергарӣ, барқчӣ, кафшергари газию барқӣ, челонгари таҷҳизоти сантехникӣ, ороишгари мӯй, рӯй ва нохун, асосҳои омӯзиши компютер, кошинкорӣ, андовагар-рангуборчӣ, корҳои ороиши сохтмонӣ, дуредгар, челонгари таъмири автомобил, дӯзандаи либоси мактабӣ, дӯзандаи либоси мардона, корманди иҷтимоӣ, пояфзолдӯз, занбӯриасалпарварӣ, консервакунонӣ, мураббия-парастор, кулолгарӣ, попурдӯзӣ, адрасу атласбофӣ, нонпазӣ, тоқидӯзӣ, ҷомадӯзӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, мҳхрабофӣ, сабадбофӣ, коркарди муина, намадбофӣ, чакандӯзӣ, ҷӯроббофӣ, муҳосиб бо донистани кор дар компютер, ҳисобдор, заргарӣ, шерозадӯзӣ ва ғайра мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Барои бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони даврҳои омӯзишӣ марказ чӣ тадбир меандешад?

Рустам Шамсов: Масъалаи шуғл, касбомӯзӣ ва таъсиси ҷойи нави кор омили асосии рушди устувори ҷомеа мебошад. Бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ин соҳаҳо метавон сатҳи зиндагии мардумро баланд бардошта, ояндаи дурахшони давлатро таъмин намуд. Дар ин замина бояд гуфт, ки Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки мутахассисон бояд бо ҷойи кор таъмин карда шаванд.

Аз ин рӯ марказ ба хатмкунандагони даврҳои омӯзишӣ дар  роҳнамоӣ ба ҷойи кор, ҳамкорӣ бо корфармоён, пешниҳоди маълумот дар бораи ҷойи кори холӣ, додани шаҳодатномаи касбӣ ва мусоидат ба оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ кумак мерасонад. Ҳамзамон хатмкунандагон бо ҳуҷҷати намунаи давлатӣ таъмин мегарданд, ки он дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ эътироф шуда, барои пайдо намудани ҷойи кор имконият фароҳам меорад.

АМИТ «Ховар»: Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ дар мавриди ба касб фаро гирифтани шаҳрвандон, хусусан ҷавонон дар марказ чӣ тадбирҳо андешида шудаанд? 

Рустам Шамсов: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи шуғл, касбомӯзӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар панҷ соли оянда дар мамлакат бояд беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуда, дар ин раванд баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъмин гардад.

Бо мақсади ба касб фаро гирифтани шаҳрвандон, махсусан ҷавонон дар маркази мо ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд. Барои баланд бардоштани сатҳи шуғлнокӣ, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва пешгирии бекорӣ даврҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати касбомӯзии иловагӣ ташкил карда шудаанд.

Дар ҳамин замина фаъолияти марказ ва филиалҳои он дар самти касбомӯзӣ, забономӯзӣ ва ҳунармандӣ барои ҷавонон густариш ёфта, барои онҳо шароити мусоиди таълим фароҳам оварда шудааст. Марказ бо синфхонаҳои муҷаҳҳаз, таҷҳизоти муосири таълимӣ ва омӯзгорони соҳибтаҷриба таъмин буда, ҷавонон метавонанд дар самтҳои гуногун, аз ҷумла касбҳои серталаб дар бозори дохилӣ ва берунӣ малакаи касбӣ омӯзанд.

Ҳамзамон ба ҷавонон имконият дода мешавад, ки пас аз хатми даврҳои касбомӯзӣ соҳиби ҳуҷҷати тасдиқкунанда гардида, дар бозори меҳнат ҷойи кор пайдо намоянд ё фаъолияти соҳибкориро оғоз намоянд. Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии ҷавонон, рушди қобилияту истеъдод ва саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисоди мамлакат мусоидат менамоянд.

Ҷавононро мебояд барои ёфтани ҷойи кор ва пайдо намудани мавқеъ дар ҷомеа касбҳои муосире, чун технологияҳои иттилоотӣ, муҳандисӣ, соҳибкорӣ ва ҳунарҳои истеҳсолӣ омӯзанд. Макони омӯзиши касбҳои муосир марказҳои касбомӯзӣ мебошанд. Ҷавонон дар ин ҷойҳо донишу малакаи амалӣ андӯхта, заминаи зиндагии мустақилонаашонро мегузоранд.

Мусоҳиб Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар» 

Январь 24, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?