ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон иқтидори энергияи бодӣ 1 926,35 МВт-ро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 таъкид намуданд, ки «талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2030 нисбат ба соли 2025 31 фоиз зиёд мегардад».
-Ба таҳлили коршиносон, дар соҳаи энергетика сарчашмаҳои энергетикие, ки инсоният барои қонеъ гардонидани талаботи худ истифода мебарад, хеле зиёданд, аз қабили ангишт, ҳезум, нафт ва навъҳои алтернативии энергияҳои барқароршаванда ё энергияи «сабз»- обӣ, Офтоб, бодӣ ва амсоли инҳо. Таҷрибаи давлатҳои рушдёфта нишон медиҳад, ки истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодии ҳар мамлакат ба ҳисоб меравад. Оё Тоҷикистон иқтидори манбаъҳои барқароршавандаи энергияи бодии худро омӯхтааст ва онро самаранок истифода мебарад? АМИТ «Ховар» вобаста ба энергияи бодӣ дар мамлакат шарҳи коршиносонро пешниҳод менамояд.
Тавре дар «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030» омадааст, «иқтидори энергияи бодӣ низ яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, тибқи таҳлилҳои пешакӣ, иқтидори ин сарчашма дар мамлакат 1 926,35 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар давраи амалисозии барнома ба омӯзиши ин манбаи энергия ва мушаххас намудани иқтидори истеҳсолии он таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад».
Энергияи бодӣ энергияест, ки онро турбинаҳои бодӣ ба энергияи механикӣ ва сипас ба энергияи барқ табдил медиҳанд. Ин энергияи барқароршавандаи тоза тавассути шамол ба вуҷуд меояд ва барои гардиши парраҳои турбина истифода мешавад.
Ҳарчанд иқтидори энергетикаи бодии ҷумҳурӣ пурра ё ба таври қадри кофӣ омӯхта нашудааст, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи ҳисобҳои гуногун, он солона аз 30 то 100 миллиард кВт-соатро ташкил медиҳад. Бо назардошти ин маълумот метавон гуфт, ки энергияи бодӣ метавонад бо иқтидори гидроэнергетикии мамлакат рақобат кунад».
Гуфта шуд, ки иқтидори энергияи бодӣ ба 4 485 МВт баробар аст, ки он низ то кунун истифода нашудааст. Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки то соли 2032 тавлиди неруи барқро дар ҷумҳурӣ пурра аз ҳисоби энергияи «сабз» таъмин намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2024 иброз намуданд, ки «бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидори алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд».
Тавре муовини директори Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон Мансур Қудусов ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, «мувофиқи таҳқиқоти олимони тоҷик, ки мақолаи онҳо дар маҷаллаи илмии бонуфузи Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Институти энергетикии Москва» ба чоп расидааст, иқтидори техникии энергияи бодӣ ба 4485 МВТ баробар мебошад. Қобилияти тавлиди барқи он дар як сол ба 13 миллиард кВт-соат баробар шуда метавонад».
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки иқтидори гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ба 527 миллиард кВт-соат дар як сол бародар буда, дар айни замон ҳамагӣ 4 фоизи он истифода карда мешавад. Дар мамлакат тавлиди барқ аз неругоҳҳои бодӣ ба фасли тирамоҳу зимистон рост меояд, ки истифодаи он дар якҷоягӣ бо неругоҳҳои барқи обӣ ва офтобӣ хеле созгор мебошад.
Бояд гуфт, ки дар якчанд давлати дунё истеҳсоли неруи барқ бо истифода аз шамол дар ҳоли афзоиш аст. Яъне, соли 2010 дар Дания тавассути генераторҳои бодӣ 20 фоиз, Португалия – 16 фоиз, Ирландия – 14 фоиз ва Испания 13 фоиз аз ҳаҷми умумӣ неруи барқ истеҳсол карда шудааст. Инчунин соли 2010 80 мамлакати ҷаҳон неруи барқи аз истгоҳҳои бодӣ тавлидшударо бо мақсади тиҷорат истифода намуданд.
Мансур Қудусов афзуд, ки «мувофиқи таҳқиқоти гуфташуда, ки бо методи бисёркритериявӣ ҳисоб карда шудааст, иқтидори техникии бодӣ дар вилояти Суғд ба 3700 МВт баробар буда, дар вилояти Хатлон ба 785 МВт баробар аст. Дар ноҳияҳои дигар низ минтақаҳое ба назар мерасанд, ки захираҳои бодии хуб доранд. Аммо аз ҷиҳати надоштани инфрасохтори мувофиқ, ба монанди роҳҳои васеъ барои интиқоли генераторҳои бодӣ, зеристгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ сохтмони неругоҳҳои бодӣ дар айни замон мувофиқи талаботи техникӣ ғайриимкон мебошад».
Бояд гуфт, ки ҳоло ба Тоҷикистон аз давлати Чин неругоҳҳои хурди бодӣ ворид карда мешаванд.
«Агар сохтмони бузурги чунин неругоҳҳо шуруъ шавад, онҳо аз давлатҳои пуриқтидоре, ки дар онҳо чунин таҷҳизот истеҳсол карда мешавад, метавон ворид сохт. Давлатҳои истеҳсолкунандаи трубинаҳои бодӣ асосан Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки 5 ширкати он дар сархати аввал меистад, Дания, Олмон, Испания, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ғайра мебошанд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Манбаъҳои барқароршавандаи энергияро бештар энергияи «сабз» мегӯянд, ки дар пасманзари баррасиҳо атрофи мавзуи тағйирёбии иқлим аз онҳо зиёдтар ном гирифта мешавад. Зеро маълум шуд, ки канданиҳои табиие, ба мисли газ, нафт, уран беканор нестанд ва дер ё зуд ин сарватҳо тамом мешаванд. Аз ин рӯ, бисёр давлатҳо дар талоши пайдо кардани алтернативаи нисбатан беҳтар ҳастанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд, ки «имрӯзу фардои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон аз неруи барқ вобастагии мустақим дорад. Гузашта аз ин, соҳаи энергетика таҳкурсии муҳимтарини тақвияти иқтидори иқтисодии давлат ва шарти асоситарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардуми мо ба ҳисоб меравад». Барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва инкишофи минбаъда Ҳукумати мамлакат ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ таъмини истиқлолияти энергетикиро ба нақша гирифт, зеро саноатикунонии босуръати мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ бе фаъолияти босамари инфрасохтори электроэнергетикӣ дар асоси истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон мебошад.
Ба андешаи коршиносон, рушди энергияи «сабз» барои Тоҷикистон имкони хуби пешрафти мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ хоҳад буд. Имрӯз Тоҷикистон дар ин самт иқтидори азим дорад ва метавонад дар истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза иқтидори ҷаҳониро пурра гардонад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад
«ШОҲИН ЭЙР» ДАР КАНОРИ АБРҲО. Дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусӣ ба фаъолият шуруъ намуд
Агентии авиатсияи гражданӣ: Соли 2025 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 8 ҳазору 800 хатсайр хизмат расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар доираи Стратегияи рушди соҳаи алоқа сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ва интернет 100 % таъмин карда мешавад
Агентии авиатсияи гражданӣ: «Тоҷикаэронавигатсия» соли 2025 ба зиёда аз 48 ҳазор киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонид
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар «Gulfood Dubai» ба намоиш гузошта шуданд
Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ бунёд мегарданд
Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ба маблағи 7 миллион сомонӣ камбудии молиявӣ ошкор намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани талаботи бехатарии саноат 226 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 824 деҳаи Тоҷикистон таҳқиқоти муҳандисию геологӣ гузаронида шуд
Дар корхонаҳои саноатии Мастчоҳ ба маблағи беш аз 410 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид






