НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 90 фоизи иншооти банақшагирифташуда ба истифода дода шудаанд

Январь 29, 2026 14:54

ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 90 фоизи иншооти банақшагирифташуда ба истифода дода шудаанд. Дар айни замон 28 ҳазору 11 (90,7%) иншоот мавриди истифода қарор гирифта, дар 2499 (8,1) иншоот корҳо идома доранд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода 29 январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Раиси кумита Низом Мирзозода гуфт, ки бо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баҳодиҳии риояи меъёри қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозӣ дар бино ва иншооти сохташаванда бо мақсади таъмини ба зилзилатобоварии биною иншоот ва санҷиши мехсутуни асосҳои бино ба иншоот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳи махсусгардонида бо таҷҳизоти муосири замонавӣ таъсис дода шудааст.

«Санҷиши мехсутунҳо дар майдони сохтмонӣ тибқи талабот, тартиб ва меъёру қоидаҳои сохтмонӣ амалӣ карда мешавад. Мақсади асосии санҷиш- ин муайян намудани қобилияти борбардории мехсутунҳо мебошад, ки баъди санҷиш бо натиҷаи ҳисоби конструктивӣ муқоиса карда мешавад», – иброз дошт Низом Мирзозода.

Бояд гуфт, ки бархе сокинон аз сифати пасти баъзе биноҳои истиқоматии навбунёд изҳори нигаронӣ менамоянд. Ба андешаи онҳо, дар қисме аз хонаҳои истиқоматӣ баъди ба истифода супоридан аломатҳои тарқиш дар деворҳо, нишасти таҳкурсӣ, камбудиҳои корҳои дохилӣ, инчунин риоя нашудани меъёрҳои бехатарӣ ба мушоҳида мерасанд.

Низом Мирзозода гуфт, ки таъсиси озмоишгоҳи махсусгардонида маҳз бо ҳамин мақсад ба роҳ монда шудааст. Тавассути санҷиши техникии мехсутунҳо ва таҳкурсии биноҳо имкон фароҳам меояд, ки камбудиҳо сари вақт ошкор ва бартараф карда шаванд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки нисбат ба шахсону ташкилоте, ки ба вайрон намудани меъёрҳои шаҳрсозӣ роҳ медиҳанд, пайваста тадбирҳои қонунӣ андешида мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 ба масоҳати умумии 2 миллиону 127,1 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 122,3% фоизро ташкил медиҳад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2026 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид