НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ зиёда аз 28 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон сохтмони 28 ҳазору 958 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 январи соли 2026 28 ҳазору 11 иншоот сохта, ба истифода дода шуд, ки ба 96,7 фоизи иҷрои нақша баробар мебошад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ба истифода додани ин иншоот 53 ҳазору 633 ҷойи нави кор таъсис дода шуд.
Камолиддин Муминзод иброз намуд, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи рушди маҳал барои вусъати корҳои бунёдкорию созандагӣ, ободу зебогардонии ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти мамлакат озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи беҳтарин доир менамояд.
Таъкид гардид, ки барои вусъат бахшидани бунёди манзилҳои истиқоматии зебою замонавӣ, таҷдиду навсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зисти ҳар оила, кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳои аҳолинишин аз ҷониби кумита тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд






