НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» омода гардид
ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 вобаста ба бунёди 800 муассиса дар маҳаллаҳои аҳолинишине, ки беш аз 100 оила зиндагӣ мекунад, «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» омода ва бо вазорату идораҳои марбута мувофиқа карда шуд. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба хабарнигорон.
Ба иттилои Вазири маориф ва илм, барои дастрасии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ Намунаи бинои марказҳои рушди барвақтии кӯдак тасдиқ шуда, номгӯи таҷҳизоте, ки бояд дар гурӯҳҳои рушди барвақтии кӯдак мавҷуд бошанд, муайян ва дастраси раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо гардид. Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки Барномаи таълиму тарбияи барвақтӣ тавассути бозӣ ва Дастурамали марказҳои таълимии ҳамоҳангсозии инкишофи барвақтии кӯдак омода ва барои истифода пешниҳод карда шуд.
«Бо мақсади таъмини рушди барвақтии кӯдак, танзим ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, марказҳо (гурӯҳ)-ҳои инкишофи барвақтии кӯдак ва шаклҳои дигари алтернативӣ таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои таълимию методӣ дар назди Вазорати маориф ва илм Шурои машваратӣ – ҳамоҳангсозии таҳсилоти томактабии фарогир таъсис дода шуд»,- афзуд Вазири маориф ва илм.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади фарогирии бештар ва дастрасии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3154 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 182 ҳазору 744 кӯдак таъсис дода шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 270 марказ ва 51 ҳазору 427 кӯдак зиёд мебошад.
«Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ 310 ҳазору 657 нафар ё 30,1 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2024 65 ҳазору 370 кӯдак ва 6,9 фоиз зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи сохтмони муассисаҳои томактабии хусусӣ тибқи «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» 152 фоизро ташкил медиҳад», -афзуд Раҳим Саидзода.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид






