НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» қариб 60 дарсад ба анҷом расидаанд
ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» қариб 60 дарсад ба анҷом расидаанд. Дар ин хусус Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа 29 январ зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ иттилоъ дод.
Вазир афзуд, ки сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1116 метр аз сатҳи баҳр расида, баландии он ба 151 метр баробар гардид. Дар ин замина ду агрегати муваққатии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ибтидои баистифодадиҳӣ то 31 декабри соли 2025 9,9 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол кардаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри соли 2025 таъкид намуда буданд, ки моҳи сентябри соли 2027 бо ба кор даровардани агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» истиқлоли энергетикии мамлакат пурра таъмин мегардад. Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар рӯдхонаи Вахш сохта шуда, як қисми силсиланеругоҳҳои Вахш аст. Он бо иқтидори муқарраршудааш- 3600 МВт бузургтарин дарғот дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар бинои неругоҳи мазкур шаш агрегати гидроэлектрикӣ бо иқтидори 600 МВт бо турбинаҳои радиалӣ-меҳвар насб карда мешаванд. Истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар як сол беш аз 17,0 миллиард кВт/соатро ташкил хоҳад дод.
Сарбанди неругоҳ бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди аз санг сохташуда дар ҷаҳон аст. Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун маҷмааи бузурги гидроэнергетикии гуногунҳадаф, аз ҷумла барои тавлиди неруи барқ, танзими об, коҳиш додани хатари обхезӣ ва коҳиш додани хушксолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар маҷмуъ, Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз тарҳҳои нодири гидроэнергетикӣ дар минтақа буда, бо истифодаи неруи барқи ин иншоот барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ -саноатикунонии мамлакат имконияти мусоид пайдо мешавад. Он ба рушди иқтисодиёти индустриалӣ – аграрӣ ва истеҳсоли неруи «сабз», ҳифзи экология, инчунин дар доираи тарҳи «CASA–1000» ба афзоиши содироти неруи барқ ба бозорҳои энергетикии минтақа мусоидат менамояд. Ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он метавонад дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши муассир дошта бошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон 95,1 фоизи борҳо ва 99,8 фоизи мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ ҳамлу нақл мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Роҳи оҳани Тоҷикистон барои содироти молу маҳсулот то 80 фоиз сабукиҳо пешниҳод намудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 ҳаққи хизмати обрасонӣ пурра тавассути низоми биллингӣ пардохт мегардад
Донишҷӯёни 56 филиали кафедраҳои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар корхонаҳои пешқадами соҳавӣ фаъолият доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 9,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Исфандиёри Саъдулло: «Барои беҳтар намудани хизматрасонии алоқа 1850 истгоҳи базавӣ насб карда мешавад»
Агентии авиатсияи гражданӣ: Соли 2025 аз Тоҷикистон ба 16 кишвари хориҷӣ парвозҳои ҳавоӣ ташкил карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад
«ШОҲИН ЭЙР» ДАР КАНОРИ АБРҲО. Дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусӣ ба фаъолият шуруъ намуд
Агентии авиатсияи гражданӣ: Соли 2025 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 8 ҳазору 800 хатсайр хизмат расонид
Агентии авиатсияи гражданӣ: «Тоҷикаэронавигатсия» соли 2025 ба зиёда аз 48 ҳазор киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонид






