НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Роҳи оҳани Тоҷикистон барои содироти молу маҳсулот то 80 фоиз сабукиҳо пешниҳод намудааст
ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти молу маҳсулот ба хориҷи мамлакат ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба соҳибкорону молистеҳсолкунандагон то 80 фоиз сабукиҳо пешниҳод намудааст. Дар ин хусус масъулини Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар нишасти матуботӣ ба хабарнигорон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар самти афзоиш додани содироти бор ба хориҷа Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамкории судмандро бо маъмурияти роҳи оҳани давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар давлатҳо ба роҳ монда, сабукиҳои назаррасро барои боркашонӣ дастрас намудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






