Ҳоким Холиқзода бо муовини Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон мулоқот намуд

Январь 27, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёшифуми Ёшикава мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот дурнамои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ гардид. Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, идомаи муколамаи созандаро муҳим арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҷопон тавассути JICA дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон саҳми назаррас дорад.  «Айни замон лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт, инфрасохтор, энергетика, таъминоти об, маориф ва тандурустӣ амалӣ карда мешаванд», — гуфта шуд дар мулоқот.

Ҳамзамон саҳми JICA дар омода намудани мутахассисони баландихтисос, рушди соҳибкории хурду миёна ва таҳкими зерсохтори нақлиётӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот таваҷҷуҳи хосса ба ҷалби сармоягузории мустақими Ҷопон ба иқтисоди Тоҷикистон равона карда шуд.  Тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетикаи «сабз», саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф ва рушди сармояи инсонӣ аз афзалиятҳои асосӣ арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ва таъсиси Маркази муштараки инноватсионӣ байни Тоҷикистон ва Ҷопонро баррасӣ намуданд.

Дар фарҷом омодагии тарафҳо барои идомаи ҳамкории амалӣ ва густариши минбаъдаи шарикӣ таъкид гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 27, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад