35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд

Январь 19, 2026 11:12

ДУШАНБЕ, 19.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сохтмони иншооти соҳаи маориф идома дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд, дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов сохмони бинои муассисаи таълимии хусусӣ идома дорад. Иншоот аз 5 ошёна ва 45 синфхона иборат буда, барои таълиму тарбияи 1200 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассисаи таълимӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида,  тибқи нақша имсол ба истифода дода мешавад.

Дар Ҷамоати деҳоти Унҷӣ инчунин сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар назди кӯдакистони №11 идома дорад.  Иншооти мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат аст ва барои таълиму тарбияи 300 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Солҳои охир бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва иштироки фаъоли сокинону соҳибкорон бунёди муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маром идома дорад. Чунин тадбирҳо ба фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи саводнокии насли наврас ва таъсиси ҷойи нави кор мусоидат менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Январь 19, 2026 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд