Омӯзгорони муассисаҳои таълими шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шинос мешаванд
ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд машғулияти шиносоиро бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ оғоз намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестӣ хабар доданд, ҳадаф аз баргузории даври дуюми машғулият омода намудани омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати гузаронидани даври сеюми машғулият барои хатмкунандагон дар муассисаҳои таълимии мазкур мебошад.
Татбиқи амалии низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи касбияти донишҷӯён ва мутахассисон, инчунин арзёбии воқеии дониши хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ нақши муҳим дорад.
Бояд таъкид намуд, ки дуруст ба роҳ мондани корҳои омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, бахусус чорабиниҳои иттилоотию таблиғотӣ, яке аз омилҳои асосии муваффақияти довталабон дар ин имтиҳонҳо маҳсуб меёбад.
АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд






