РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
ДУШАНБЕ, 20.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд.
Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал барои об ва ҳамраиси Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад.
«Бо такя ба дастовардҳои конфронсҳои қаблии оби Душанбе (солҳои 2018, 2022 ва 2024) конфронси чорум ҳадаф дорад, ки суръати эҷодкардаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023-ро нигоҳ дорад, татбиқи Рӯзномаи амали обро пеш барад ва муҳокимаҳоро барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад ва нақши обро дар Рӯзномаи пас аз соли 2030 оғоз кунад.
Интизор меравад, ки роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирон, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявӣ, илмӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва бахши хусусӣ дар конфронс барои пешбурди уҳдадориҳо ва ташвиқи роҳҳои ҳалли тағйирдиҳанда дар бахши об иштирок намоянд.
Барномаи конфронс (Water Action Agenda) ҷаласаҳои умумии сатҳи баланд, шаш ҷаласаи мавзуӣ, ки ба мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 мувофиқат мекунанд, се панели махсус, ки ба оянда нигаронида шудаанд, форумҳо, чорабиниҳои иловагӣ, намоишгоҳи байналмилалӣ ва ҷаласаи омодагии минтақавиро, ки аз ҷониби Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) ташкил карда шудааст, дар бар мегирад.
Инчунин иштирокчиёни конфронс ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар намуда, бо мероси бойи фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон, иқтидор ва захираҳои обӣ, таҷрибаи Тоҷикистон дар самти идоракунии устувори захираҳои об ва рушди неругоҳҳои барқи обӣ шинос мешаванд. Натиҷаҳои асосии конфронс дар Эъломияи ниҳоӣ, Хулосаи ҳамраисон ва Саҳми расмӣ дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 инъикос хоҳанд ёфт.
АКС аз манбаъҳои боз








Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд






