«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 09.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шанбе ва якшанбеи чоруми моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» гузаронида мешавад. Ин фестивал дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, баргузор мегардад.
Барои баргузории Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» Кумитаи рушди маҳал, вазоратҳои кишоварзӣ, фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, кумитаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, телевизион ва радио, рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, иттифоқи нависандагон, дизайнерон ва рассомон вазифадор гардидаанд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани ин фестивал дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар мавсими нави ниҳолшинонӣ дар пойтахт 3 миллиону 999 ҳазору 630 дона гули лола шинонида мешавад.
Ҳадаф аз баргузории Фестивали «Сайри гули лола» эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром нисбат ба зебоӣ, ободонӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати аҳолӣ ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали гулҳо-«Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2025 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи рушди маҳал мукофотонида мешаванд.
Тибқи иттилои таърихшиносон, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонӣ ба назар мерасад. Қадимӣ будани нақши лола дар мӯҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудаанд, беш аз 20 аср пеш аз мелодиро ташкил медиҳад. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин ва муҳрҳо бо се гулбарг ба тасвир кашида шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






