«САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ». Дар ноҳияи Варзоб ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид
ВАРЗОБ, 17.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар теппаҳои деҳаи Беғарии Ҷамоати деҳоти Қалъаи ноҳияи Варзоб ва шоҳроҳи асосии Душанбе-Чанок таҳти унвони «Сарсабзии Ватан мароми мост» ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар медиҳад.
Дар ин маъракаи сабзу хуррамгардонӣ роҳбарон ва кормандони мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ва сокинони ноҳияи Варзоб фаъолона иштирок карда, зиёда аз 700 бех ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз ва ороишӣ шинониданд.
Зимни ниҳолшинонӣ иброз гардид, ки ниҳолшинонӣ ҷузъе аз барномаҳои ободонӣ ва сабзгардонии мамлакат буда, чунин иқдом на танҳо ба зебоии ноҳия ва беҳбуди муҳити зист мусоидат мекунад, балки фарҳанги ниҳолшинонӣ ва муҳаббат нисбат ба табиатро дар байни аҳолӣ, махсусан насли ҷавон тақвият мебахшад.
Дар раванди татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» соли 2026 дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ва шоҳроҳи асосии Душанбе-Чанок бо ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия пайваста ҳашари ниҳолшинонӣ гузаронида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб








«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Кормандони Хадамоти гумрук дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳол шинониданд






