«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид

Январь 10, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 10.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд барои баргузории даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ»  404 ҳазору 240 сомонӣ ҷудо гардидааст. Барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм 10 000, 6 000 ва 4 000 сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Озмун аз рӯи шаш гурӯҳ ва як номинатсия доир гардида, дар он хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1–4), хонандагони синфҳои 5–8 ва 9–11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабӣ ва эҷодӣ, кормандони соҳаҳои фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳо, инчунин калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ба ифтихори 35-солагии ҷашни муқаддаси миллиамон – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, вазифадор гардидаанд, ки ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 10, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад