Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ
ДУШАНБЕ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 барои Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» давраи рушди устувор ва тақвияти мавқеи он дар фазои иттилоотии дохилӣ ва байналмилалӣ арзёбӣ мегардад. Нишондиҳандаҳои оморӣ далели равшани афзоиши таваҷҷуҳи корбарон ба манбаи расмии иттилоотии мамлакат буда, эътимоди рӯзафзуни ҷомеаро ба иттилооти муътамади давлатӣ инъикос менамоянд.
Тибқи маълумоти хадамоти таҳлилии liveinternet.ru, соли 2025 аз сомонаи Агентӣ 7 миллиону 409 ҳазору 225 маротиба дидан кардаанд, ки нисбат ба соли 2024 382 ҳазору 902 маротиба ё 5,1 фоиз зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда далели он аст, ки шумораи истифодабарандагони сомона мунтазам афзоиш ёфта, нақши «Ховар» ҳамчун манбаи асосии иттилооти расмӣ дар фазои иттилоотии мамлакат тақвият меёбад.
Дар ин зимн теъдоди воридшавандагони сомона соли 2025 ба 2 миллиону 348 ҳазору 253 нафар расидааст, ки нисбат ба соли 2024 259 ҳазору 714 нафар ё беш аз 11 фоиз афзоиш ёфтааст.
Таҳлил нишон медиҳад, ки истифодабарандагони сомонаро 68 фоиз мардон ва 32 фоиз занон ташкил медиҳанд. Аз лиҳози синну сол бахши фаъоли корбарон ба гурӯҳи 25–34-сола (38%) ва 18–24-сола (27,4%) рост меояд.
Сомонаи АМИТ «Ховар» дар зиёда аз 100 давлати ҷаҳон хонанда дорад. Ба гурӯҳи давлатҳои пешсаф Русия, Узбекистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Қазоқистон, Туркманистон, Чин, Олмон, Беларус, Қирғизистон, Фаронса, Туркия, Нидерланд, Озарбойҷон, Полша, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия, Ҳиндустон, Испания ва Амороти Муттаҳидаи Араб дохил мебошанд. Ин нишондиҳанда нуфузи байналмилалии Агентиро тасдиқ намуда, нақши онро ҳамчун минбари муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият медиҳад.
Қисми асосии корбарон ба сомона аз тариқи системаҳои ҷустуҷӯӣ (40,6%) ва гузаришҳои дохилӣ (42,6%) ворид мешаванд. «Google» бо 89,7 фоиз пешсаф буда, бозгӯ менамояд, ки муҳтавои «Ховар» дар фазои интернетӣ хуб индексатсия ва ҷустуҷӯшаванда мебошад. Ҳамзамон «Facebook» бо 99,1 фоиз сарчашмаи асосии гузариш аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба сомона ба ҳисоб меравад.
Яке аз бартариҳои муҳими Агентӣ ҳамгироии сомона бо Радиои «Ховар», ки дар басомади 101,5 FM пахш мегардад, мебошад. Ин шакли ҳамгироии платформаҳо имконият медиҳад, ки аудиторияи васеътар фаро гирифта шуда, таъсири иттилоотӣ афзоиш ёбад.
Натиҷаҳои омории соли 2025 нишон медиҳанд, ки АМИТ «Ховар» на танҳо мавқеи худро ҳамчун манбаи расмии иттилооти давлатӣ ҳифз намудааст, балки онро дар фазои рақамӣ ва байналмилалӣ тақвият бахшидааст. Афзоиши устувори шумораи истифодабарандагон, васеъ гардидани ҷуғрофияи хонандагон ва иштироки фаъолонаи ҷавонон далели он аст, ки Агентӣ дар роҳи дурусти рушди рақамӣ қарор дорад. Он минбаъд низ метавонад нақши калидии худро дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон боз ҳам тақвият диҳад.
Пайрав НАЗАРОВ,
Акрамхоҷа АКБАРОВ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






