Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 10.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Краснодари Федератсияи Русия чойхонаи тоҷикии «Анор-Анор» бо тарҳу меъмории миллӣ ва пешниҳоди таомҳои болаззати тоҷикӣ фаъолият дорад. Ҳамарӯза аз ҷониби ошпазону нонпазони моҳир оши палов, қурутобу шакароб, нону анвои гуногуни нонӣ омода ва ба муштариёни сершумор пешниҳод мегарданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Фаъолияти чойхонаи тоҷикии «Анор-Анор» дар шаҳри Краснодар дар муаррифии шоистаи санъати меъмории тоҷикон, аз ҷумла ҳунари кандакорӣ, таомҳои миллӣ ва унсури хоси миллати фарҳангии мо, яъне меҳмоннавозии тоҷикона ба сайёҳону сокинони маҳалӣ мусоидат менамояд.
Ба чойхонаи тоҷикӣ ҳамарӯза даҳҳо нафар намояндагони халқу миллатҳои гуногун омада, дар баробари фармоишу истеъмоли таомҳои лазизи тоҷикӣ бо табиати зебову афсункори Тоҷикистон шинос мешаванд. Зеро деворҳои чойхонаро нақшу нигори зебои тоҷикӣ ва мусаввараҳои табиати Тоҷикистон диққатҷалбкунанда намудаанд.
Дар чойхона ҳамарӯза аз ҷониби ошпазону нонпазони моҳир оши палов, қурутобу шакароб, нону анвои гуногуни нони омода ва ба муштариёни сершумор пешниҳод мегарданд.
Ин чойхона аз ҷониби соҳибкори тоҷик бо мақсади муаррифии санъати меъморӣ, маконҳои сайёҳии Тоҷикистон ва таомҳои миллии тоҷикӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифтааст.
Силсилачойхонаҳои миллии тоҷикии «Анор-Анор» дар шаҳрҳои Краснодар, Сочи, Санкт-Петербург, вилояти Ростов ва Ҷумҳурии Адигеяи Федератсияи Русия низ фаъолият доранд.
Бо чунин сатҳу сифати баланди хизматрасонӣ фаъолият намудани чойхона ва ба ин васила пешниҳоди ҳунарҳои мардумии тоҷикон баёнгари ҳифзу нигоҳдошти расму оинҳои миллӣ дар хориҷи мамлакат хоҳад буд.
Бояд иброз намуд, ки дар ҷаҳони муосир ҳар халқу миллат бо хусусият ва унсурҳои хос, аз ҷумла забон, либос, маросиму анъана, фарҳанг, инчунин таомҳои миллиаш муаррифӣ мегардад.
Таомҳои миллии тоҷикӣ дар хориҷи мамлакат низ талабгорони зиёд дошта, муаррифи миллати фарҳангии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






