То 1 апрел лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 16.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 1 апрели соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар айни замон дар ҳамкорӣ бо вазоратиу идораҳои дахлдори мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, барои омода намудани барнома таҳлилу баррасиҳо идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуданд, ки «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026 – 2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардад.
Дар назар аст, ки дар «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026 – 2030» тамоми самтҳои рушди соҳаи дорусозӣ зери назар гирифта мешавад. Инчунин барои бештар намудани корхонаҳои дорусозӣ бо ҷалби соҳибкоронӣ ватанӣ ва шарикони рушд барои тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол намудани дору диққати бештар дода мешавад.
Сардори шуъбаи стандартонии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Халифазода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ, ки ин барнома давоми мантиқии «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 то 2025» мебошад.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020 «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро қабул намуд, ки он соли 2025 пурра амалӣ гардид.
Сардори шуъбаи стандартонии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки мақсади барномаи мазкур беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббӣ тавассути навсозии инфрасохтори дахлдори тандурустӣ буд.
«То қабул гардидани ин барнома дар мамлакат беш аз 90 фоизи дору ва молҳои тиббӣ дар бозори фармасевтии Тоҷикистон аз хориҷи мамлакат ворид мегардид. Инчунин то амалӣ гардидани ин барнома дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 38 корхонаи ватанӣ ба истеҳсоли 400 номгӯй дору ва маҳсулоти фармасевтӣ машғул буданд. Дар натиҷаи татбиқи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар мамлакат имрӯз шумораи корхонаи ватанӣ ба 72 адад расид»,-гуфт Хусрав Халифазода.
Барнома 7 ҳадаф, 13 вазифа ва 88 чорабиниро дар бар гирифта, маблағи умумии он 1 миллиарду 316 миллиону 681 ҳазору 860 сомониро ташкил дод.
АКС: АМИТ «Ховар»








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






