«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 16.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, моҳи октябр дар Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мешавад.
Ин намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Дар намоиш молҳои истеҳсоли ширкатҳои ҷумҳурӣ, ки ба содироти молу маҳсулот ба якчанд давлати ҷаҳон машғуланд, муаррифӣ карда мешавад.
Ҳадаф аз баргузории намоиш мусоидат ба рушди бахши хусусӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ ва пешрафти саноатикунонии ҷумҳурӣ мебошад.
Баргузории чунин намоишҳо на танҳо имконоти тиҷоратиро васеъ менамояд, балки дар рушди иқтисоди миллӣ ва саноатикунонии мамлакат нақши калидӣ дорад. Намоиш ҳамзамон сатҳи рақобатпазирии ширкатҳои ҷумҳуриро дар бозорҳои ҷаҳонӣ баланд бардошта, имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун минтақаи ҷалби сармоя ва истеҳсолоти босифат муаррифӣ гардад.
Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» барои рушди бахши хусусӣ, пешбурди содироти мол ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти калон дошта, саҳми муҳими стратегии давлат дар саноатикунонии мамлакат арзёбӣ мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






