161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд

Февраль 8, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 08.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода тасдиқ намуд, ки 174 хоҷагӣ дар минтақаҳои хавфнок зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа 161 нафар бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуд. Дар ин хусус 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Камолзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҷамшед Камолзода иброз дошт, ки соли 2025 аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои муайян намудани минтақаҳои хавфнок корҳои мушаххас анҷом дода шуданд. Агар соли 2022 дар мамлакат 1209 минтақаи хавфнок муайян гардида бошад, ҳоло ин шумора ба 1149 минтақа расидааст.

Соли 2025 инчунин дар натиҷаи татбиқи корҳои пешгирикунанда, аз ҷумла соҳилмустаҳкамкунӣ ва кӯчонидани аҳолӣ ба ҷойҳои бехавф 60 минтақаи хавфнок аз рӯйхат хориҷ карда шуд.

Тавре қаблан сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Камолзода дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» иброз дошта буд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2024–2026» тасдиқ гардида, тибқи он ҳамасола рӯйхати хоҷагиҳои кӯчонидашаванда муайян карда мешавад. Дар доираи ин нақша аз соли 2024 то соли 2026 ҳамасола кӯчонидани 175 хоҷагӣ пешбинӣ карда шудааст. Аз ҷумла, соли 2024 154 хоҷагӣ ва соли 2025 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019–2034» амалӣ мегардад. Ҳадафи ин стратегия коҳиш додани хисороти молию ҷонӣ, таҳкими чораҳои пешгирикунанда ва баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.

Тибқи таҳлилҳои ин санад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар офатҳои табиии сел, заминларза ва тармафароӣ ба қайд гирифта мешаванд. Хисороти асосии молию ҷонӣ ба иқтисоди миллӣ ва амнияти аҳолӣ низ маҳз аз ҳамин навъи офатҳо мерасад. Дар байни онҳо заминларза аз ҷиҳати ҳаҷми зарар хатарноктарин арзёбӣ мегардад.

Ба иттилои Ҷамшед Камолзода, бо назардошти он ки 93 фоизи қаламрави ҷумҳуриро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, чунин офатҳо асосан дар минтақаҳои кӯҳӣ — Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, водии Зарафшон ва шаҳру ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд бештар мушоҳида карда мешаванд.

Инчунин 6 феврал зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 дар Тоҷикистон 287 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумора 12 ҳолат офати табиӣ мебошад. Ҳаҷми умумии зарари расонида дар ин давра беш аз 20 миллион сомониро ташкил додааст.

Ба иттилои Ҷамшед Камолзода, барои пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ, бахусус селу обхезиҳо соли 2025 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 28 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд. Бо ин маблағ маводи сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ харида, тавассути техникаи боркаши кумита ба беш аз 20 шаҳру ноҳияи осебпазир интиқол дода шуд.

«Ҳадафи асосии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ коҳиш додани хавфи селу обхезиҳо, ҳифзи манзилҳои истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ ва иншооти муҳими иҷтимоию инфрасохторӣ мебошад. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ки чунин тадбирҳо яке аз воситаҳои муассири пешгирии ҳолатҳои фавқулода буда, дар якчанд минтақа хатари такрорёбии селу обхезиҳоро ба таври назаррас коҳиш доданд», – изҳор дошт Ҷамшед Камолзода.

Дар маҷмуъ, татбиқи пайвастаи чорабиниҳои муҳандисӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва кӯчонидани аҳолӣ ба ҷойҳои бехавф на танҳо хисороти эҳтимолии молиявиро коҳиш медиҳад, балки ба таъмини амнияти аҳолӣ, рушди устувори маҳалҳо ва болоравии эътимоди шаҳрвандон ба сиёсати давлатӣ дар самти ҳифз аз офатҳои табиӣ мусоидат менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»