33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир гардид

Февраль 20, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии  таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат – поягузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавии афсарону сарбозон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода аз қудрату неруи Артиши миллӣ, шарафу мардонагӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ ёдовар шуд.

Иброз гардид, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайваста қарор додаанд.

Таъкид шуд, ки Артиши миллӣ дар натиҷаи тадбирҳои дурандешона ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат имрӯз бо мутахассисони дорои донишу малакаи баланди касбӣ ва техникаву таҷҳизоти муосир таъмин гардида, ба Артиши тавоно ва неруи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.

Дар анҷоми ҳамоиш афсарону сарбозон барои хизмати содиқона ба халқу Ватан бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Февраль 20, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд