Ҳайати Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷаласа доир ба татбиқи методологияи «Таҳқиқоти вақти иҷозати мол» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи дуюм доир ба татбиқи методологияи «Таҳқиқоти вақти иҷозати мол» (Time Release Study – TRS) баргузор гардид, ки дар он кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа, ки намояндагони мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, инчунин коршиносони байналмилалиро ҷамъ овард, натиҷаҳои корҳои анҷомдодаи ҷаласаи якум, ки соли 2025 дар Тифлис баргузор гардида буд, инчунин табодули таҷриба ва муайян намудани қадамҳои минбаъдаи татбиқи методологияи TRS дар сатҳи миллӣ баррасӣ гардиданд.
Зимни муаррифии натиҷаҳои ибтидоии корҳои иҷрошуда иттилоъ дода шуд, ки дар самти омодагӣ ба гузаронидани таҳқиқоти миллӣ тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла таҳлили расмиёти амалкунандаи барасмиятдарории гумрукӣ, муайян намудани марҳилаҳои асосии раванд, омодасозии заминаи методологӣ ва ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти марбута дар нуқтаҳои назорати сарҳадӣ андешида шудаанд.
Дар доираи муҳокимаҳо масъалаҳои такмили механизмҳои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, ҳамгироии натиҷаҳои TRS бо низоми идоракунии таваккал, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва муайян намудани нишондиҳандаҳои калидии самаранокӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон гурӯҳҳои корӣ таъсис шуда, харитаи роҳ (нақшаи амал) барои марҳилаи минбаъдаи татбиқи методологияи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид. Дар ин замина ба коҳиш додани вақти умумии барасмиятдарории гумрукӣ, баланд бардоштани шаффофият ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Коршиносони байналмилалӣ тавсия доданд, ки таҳқиқоти миллӣ мутобиқ ба стандартҳои Созмони ҷаҳонии гумрук бо фарогирии пурраи занҷираи ҳаракати мол гузаронида шуда, натиҷаҳои он барои таҳияи чораҳои амалӣ ҷиҳати бартараф намудани таъхирҳо ва такмили расмиёти гумрукӣ истифода гарданд.
Татбиқи пайгиронаи методологияи «Таҳқиқоти вақти иҷозати мол» ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гумрукӣ, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ва беҳтар гардидани муҳити тиҷоратӣ дар мамлакат мусоидат менамояд. Ҳамчунин ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти дахлдор тақвият ёфта, мониторинги мунтазами нишондиҳандаҳои вақти барасмиятдарорӣ ба роҳ монда мешавад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд






