Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ доир гардид

Февраль 10, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни натиҷагирии фаъолияти мақомоти аъзои шуро иброз дошт, ки тибқи таҳлилҳо дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоии ба саломатӣ хатарнок ва пешгирии истеҳсоли маҳсулоти пастсифат дар ҷумҳурӣ ҳоло ҳам фаъолияти мақомоти аъзои шуро беҳбудиро тақозо менамояд.

Таъкид гардид, ки таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ омили асосии ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат буда, дар ҳамоҳангӣ бо он барои ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагон мунтазам тадбирҳои амалӣ бояд андешида шаванд.

Масъулин оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти ғизоӣ ва дар ин замина ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок, ҳолатҳои сироятёбии аҳолӣ аз истеъмоли маҳсулоти дар шароити хона тайёргардида, пешгирии бемориҳои қанду фарбеҳӣ ва дар ин робита тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ тавассути воситаҳои ахбори омма изҳори назар намуданд.

Иброз гардид, ки ҳоло ҳам баъзе субъектҳои хоҷагидор ва фурӯшандагон аз коҳиш ёфтани санҷишҳо истифода бурда, ба сифати маҳсулоти хӯрокворӣ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Дар ин раванд зарур аст, ки ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма тақвият дода шуда, ҳамчунин аз тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ (ҳам истеҳсолкунандагону воридкунандагон, ҳам истеъмолкунандагон), махсусан дар самти таъмини ғизои солим зиёд карда шавад.

Дар идомаи ҷаласа ҳамзамон масъулин оид ба масъалаи омода намудани мутахассисони касбӣ, ҷорӣ намудани стандарти байналмилалии GLOBAL.G.A.P, ки самтҳои бехатарии соҳаи кишоварзиро ба танзим медарорад, инчунин мушкилоти ҷойдошта дар самти савдо дар ҷойҳои муқаррарнашуда (савдои кӯчагӣ) гузориш доданд.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Февраль 10, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад