Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар самти астрофизика баррасӣ гардид

Февраль 12, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши ҳамкории илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ 10 феврал зимни мулоқоти  директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Анвар Бӯризода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба институт.

Ҷонибҳо имконияти баргузор намудани машварату маърузаҳои илмӣ, барномаҳои омӯзишӣ, инчунин ташкили таҷрибаомӯзии муҳаққиқон ва табодули мутахассисони ҷавонро муҳокима намуданд.

Ҳамсуҳбатон аҳамияти рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи илм, бахусус дар самти астрофизика ва илмҳои дақиқро таъкид намуда, барои идомаи ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Февраль 12, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориëӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст