«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 07.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Терроризм ва экстремизм имрӯз ба хатари ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфта, ба амнияти давлатҳо, сулҳу суботи ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи мардум таҳдид менамоянд. Ин нукта зимни ифтитоҳи намоиши асарҳои рассомони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон-зидди терроризм» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баён гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки намоиш бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.
Иброз гардид, ки пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, боло бурдани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, фарҳангӣ ва ватандӯстии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад. Инчунин оид ба нақши ҷавонон дар ҳифзи сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ сухан гуфта шуд. Иштирокдорон афзуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ва ташкилию ниҳодиро барои муқовимат бо терроризм ва экстремизм фароҳам оварда, якчанд қонун ва стратегияҳои муҳимро қабул ва татбиқ намуд.
Иштирокдорон намоиши асарҳои рассомони ҷавонро тамошо намуданд. Асарҳо бо забони санъат хатари терроризму экстремизм, пайомадҳои фоҷеабори он ва аҳамияти сулҳу ваҳдати миллиро инъикос менамоянд. Дар фарҷоми чорабинӣ муаллифони асарҳо — мусаввирони ҷавон барои саҳми арзанда дар тарғиби идеяҳои сулҳ, ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ бо туҳфаҳо ва ҷойҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шуданд.
Намоиш то 14 феврал дар Осорхонаи миллӣ идома меёбад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






