Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид
ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳаҷми 6 миллиарду 925,3 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2024 1 миллиарду 798,6 миллион доллари амрикоӣ ё 35,1 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус чанде қабл Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар ин давра воридоти сармояи хориҷӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 миллираду 031,0 миллион доллари амрикоӣ ё 43,8 фоиз аз ҳаҷми умумиро ташкил намуд. Ин нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 1 миллиарду 067,3 миллион доллари амрикоӣ ё 54,4 фоиз зиёд аст.
Воридоти сармояи хориҷӣ аз кишварҳои хориҷии дур 3 миллиарду 894,3 миллион доллар ё 56,2 фоиз аз ҳаҷми умумиро ташкил намуда, нисбат ба соли 2024 731,3 миллион доллари амрикоӣ ё 23,1 фоиз зиёд шудааст.
Ҳамзамон бо мақсади ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, ташкили ҷойи нави кор, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии мамлакат ва дар ин замина ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот соли 2025 аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 681,2 миллион доллари амрикоӣ бо ташкили беш аз 3 ҳазору 778 ҷойи кори нав ба имзо расонида шуд. Он татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузориро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт дар бар мегирад.
Яке аз омилҳои муҳими таъмини ҷалби сармояи хориҷӣ такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ мебошад. Бо ин мақсад бо пешниҳоди Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» дар таҳрири нав аз 14 майи соли 2025 қабул гардид.
Инчунин дар робита ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 бармеоянд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2025 «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2026 – 2030 қабул гардид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






