Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Ин иқдом дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, идомаи сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва таваҷҷуҳи хос ба рушди соҳаи маориф дар маҳал маҳсуб меёбад, ки ба беҳбуди инфрасохтори соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия равона шудаанд.
Бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндагони сохторҳои давлатӣ маросими тантанавии гузоштани санги асос барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Мадм баргузор гардид.
Дар чорабинӣ фаъолону калонсолони рӯзгордида, омӯзгорон ва сокинони деҳа иштирокнамуданд.
Таъкид гардид, ки бунёди муассисаи нави таълимӣ заминаи мусоид барои баланд бардоштанисатҳу сифати таълим, фароҳам овардани шароитизамонавӣ ва таъмини хонандагон бо муҳитимуносиб барои донишандӯзӣ мебошад.
Муассисаи нави таълимӣ дар деҳаи Мадмбарои 700 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои мактаб аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 синфхона, китобхона, таҳхона барои бойгонӣ, озмоишгоҳ, ҳуҷраи омӯзгорон, ҳуҷраи муҳосиб, анбору ҳуҷраи хоҷагӣ, посбонхона ва дигариншооти ёрирасон мебошад.
Корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи босифат ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои муосирисохтмонӣ амалӣ карда мешаванд. Фармоишгари иншоот Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 буда, корҳои бунёдиро ҶДММ «Исмоилу Сомон» ба уҳда гирифтааст. Маблағгузорӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъмин мегардад.
Бунёди чунин муассисаи калонҳаҷм имкон медиҳад, ки мушкили норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон бартараф гардида, сатҳи фарогирии таҳсил дар деҳа ба марҳилаи нав бардошта шавад.









Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад






