Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз давлатҳои пешсаф дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва криосфера эътироф гардида, тадриҷан ба маркази байналмилалӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо табдил меёбад. Ин мавқеи муҳим бо шарофати ташаббусҳои пайваста ва сиёсати фаъолонаи мамлакат дар самти ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим ба даст омадааст. Чунин гуфта шуд дар конфронси илмӣ, ки дар мавзуи «Тоҷикистон — маркази байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки конфронси илмӣ ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва қабули қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» дар иҷлосияи 7-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист бахшида шуд.
Дар конфронс доираи васеи олимон, муҳаққиқон, коршиносони соҳаи экология, иқлим ва ҷуғрофия ва дигар олимону мутахасисони Маркази омӯзиши ҳифзи пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуъҳои «Моҳият ва заминаҳои қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера», «Сабабҳои тағйирёбии иқлим», «Нақши пиряхҳои Тоҷикистон дар таъмини амнияти обӣ дар Осиёи Марказӣ», «Таъсири тағйирёбии иқлим ба саломатии инсон», «Тағйирёбии масоҳати пиряхи Меғдор дар шароити тағйирёбии иқлим» ва «Аз омӯзиш то амал: наҷоти пиряхҳо — масъулияти дастҷамъонаи аҳли башарият» маъруза намуданд.
Таъкид гардид, ки қабули қатъномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» дар иҷлосияи 7-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист рӯйдоди муҳим ва дорои аҳамияти таърихӣ мебошад.
Дар анҷоми конфронси илмӣ байни олимону муҳаққиқон ва дигар иштирокдорон мубодилаи афкор доир гардид.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






