Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез бо иштироки ҷавонон ҳамоиш доир гардид

Февраль 9, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 09.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез (12 феврал) дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тарғиботӣ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони ҳамоиш дар мавзуъҳои марбут ба пешгирии экстремизм ва терроризм сухан намуданд.

Гуфта шуд, ки ҳадафи баргузории ҳамоиш баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон ва ҷавонон, таҳкими тафаккури солим ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти ифротгароёна дар ҷомеа мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар тақвим 12 феврал чун Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез сабт гардидааст. Дар ин замина ҳамасола корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бар зидди ин зуҳуроти хатарзо пеш бурда мешаванд

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 9, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва ССКА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад