Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Ҳадафи санади мазкур ба роҳ мондани платформаи муосири омӯзиши забони англисӣ барои беш аз 300 омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба таври ройгон мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки аллакай зиёда аз 100 омӯзгори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба ин барнома номнавис шудаанд.
Иқдоми мазкур қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва рушди босифати забономӯзӣ дар низоми таҳсилоти олии мамлакат арзёбӣ мешавад.
Бояд иброз намуд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, барои татбиқи барномаҳои навин ва баланд бардоштани сатҳи забондонӣ пайваста тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Забон рукни муҳими ҷомеа ва яке аз воситаҳои асосии муошират ба ҳисоб рафта, аз замони гузашта то кунун пайвандгари миллатҳо мебошад. Барои рақобатпазир будани соҳаҳои муҳими фаъолияти давлат дар бозори ҷаҳонӣ нақши мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад. Ҳамин аст, ки соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул гардид, ки яке аз ҳадафҳои онро Президенти Тоҷикистон қадами баробар гузоштан бо ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳон ном бурданд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки забондонии кормандони давлатӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор мебошад. Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст».
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






