«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад

Февраль 28, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 28.02.2026./АМИТ «Ховар»/. «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид. Ин барнома дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 феврали соли равон баргузор шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Мирзо Хуршед зимни баррасии ин санад гуфт, ки барнома масири ояндаи рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути мушаххасу дақиқ муайян намудани самтҳои дахлдори афзалиятнок ва вазифаҳои миёнамуҳлати алоқаманд, муқаррар менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои татбиқи барнома 2 миллиарду 366 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зарур аст. Он аз ҳисоби буҷети давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд маблағгузорӣ карда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки вазорату идораҳои дахлдор амалигардонии барнома ва нақшаи татбиқи онро таъмин карда, аз натиҷаи он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 2026 Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатиро тавассути махзани ягона ба роҳ монад. Ҳамчунин, ҷиҳати баланд бардоштани шаффофият низоми рақамии мониторинги хароҷоти буҷети давлатӣ марҳала ба марҳала ҷорӣ карда шавад.

Илова бар ин, аз ҷониби Президенти мамлакат ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки низоми ягонаи рақамии мониторинги лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро ҷорӣ карда, риояи интизоми молиявӣ ва баланд бардоштани масъулияти иҷрокунандагонро таъмин намоянд

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад