Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба муаррифии Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои глобалии вобаста ба об диққати махсус зоҳир менамояд.
«Дар ин самт давлати мо аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои мушаххас пешниҳод намуда, аз ҷониби ҷаҳониён ҳамчун ташаббускори ин соҳаи ҳаётан муҳим шинохта шудааст», -афзуд муовини якуми Сарвазири мамлакат.
Иброз гардид, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳадафи он пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи коммуналӣ, идоракунии хоҷагии манзилию коммуналӣ, аз ҷумла таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов (канализатсия), беҳдошт, баровардану безарар намудани партовҳо, ободонӣ, нигоҳдошти фонди манзил ва сабзазоркунӣ мебошад.
Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода иброз дошт, ки «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, дар ин самт ҳуҷҷати асосии стратегӣ мебошад. Ин барнома на танҳо ҳамоҳангсозии инфрасохтори фарсударо пешгирӣ менамояд, балки васеъ намудани фарогирии аҳолӣ, коҳиш додани талафоти об, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои муосирро дар бар мегирад. Барои татбиқи он механизми гуногуни маблағгузорӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи ин барнома ба баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, таҷдиди шабакаҳои фарсуда, сохтмони иншооти нави обтаъминкунӣ ва коркарди обҳои партов мусоидат менамояд.
Директори маркази татбиқи лоиҳаҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партови низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ Муҳаммадҷон Исломов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки ҳадафи барнома андешидани тадбирҳои минбаъда давоми панҷ соли охир буда, таҷдиду барқарорсозии инфрасохтор, дастрасии аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ҳам дар деҳот ва ҳам дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо дар бар мегирад. Инчунин масъалаи рафъи обҳои партов дар доираи барномаи мазкур аз таҷдиди назар гузаронида шуда, дастрасии аҳолӣ ба шабакаҳои корезӣ низ беҳтар мегардад.
Иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва санитарӣ яке аз бахшҳои муҳимтарини соҳаи об ба шумор рафта, рушди он барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад. Бо ин мақсад истифода намудани захираҳои обӣ солимии ҷомеаро таъмин намуда, заминаи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»


















Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






