Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд

Февраль 11, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон чоҳи амудӣ ба  истифода дода шуд. Бо фаъол гардидани чоҳи амудӣ, ки бо технологияҳои муосир сохта шудааст, беш аз 4 ҳазор аҳолии деҳот бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вилояти Хатлон хабар доданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки ин иқдом дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва бо ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ бо шарикони рушд амалӣ гардид.

Барои фаъолияти доимии чоҳ ва таъмини истифодабарандагон бо об 30 панели офтобӣ бо иқтидори 16 киловатт-соат барқ насб карда шуд, ки ин самаранокии энергетикӣ ва истифодаи захираҳои табииро таъмин мекунад. Чоҳи амудӣ дар муддати 3 моҳ бо саҳми мақомоти маҳаллӣ ва шарикони рушд бунёд ва ба истифода супорида шуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон гуфт, ки иқдом на танҳо сатҳи дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокиро баланд мебарад, балки дар рушду ободонии маҳал ва беҳдошти сифати зиндагии мардум нақши муҳим дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Февраль 11, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Кормандони Хадамоти гумрук дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳол шинониданд