Дар Анқара масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангию илмӣ барои соли 2026 дар Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид

Февраль 16, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Анқара мулоқоти мушовири фиристодаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Парвиз Содиқӣ  бо раиси Комиссияи миллии Туркия оид ба корҳои ЮНЕСКО  профессор Ӯҷал Оуз баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд, зимни суҳбат ҷонибҳо доираи васеи ҳамкории дуҷонибаро дар чаҳорчӯби ЮНЕСКО мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъалаҳои ҳифзи мероси фарҳангӣ, аз ҷумла мубодилаи таҷриба дар самти бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар феҳристи ЮНЕСКО ва тавсеаи ҳамкорӣ дар тарғиби анъанаҳои муштараки фарҳангии ду давлат ҳамчун мероси ғайримоддӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Дар ин замина ҷонибҳо дурнамои рушди муносибатҳо ва таҳияи нақшаҳои муштаракро барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва илмӣ дар соли 2026 муҳокима карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия

Февраль 16, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд