Дар Берлин имконоти ҳамкории иқтисодии Олмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар чаҳорчӯби нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби «С5+1» мизи мудаввари иқтисодӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин чорабинӣ вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон, инчунин доираи васеи соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи олмонӣ иштирок доштанд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба имконияту захираҳои табиии мамлакат, маъданҳои нодир ва манбаъҳои неруи таҷдидпазир ҷалб намуд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар ҷонибҳо барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки авлавиятнок изҳори ҳавасмандӣ карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






