Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

Февраль 8, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 08.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (2026) дар деҳаи Муҷуни Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти раиси ноҳияи Деваштич иттилоъ доданд.

Майдончаи варзишӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и деҳаи Муҷун бо саҳми аҳолӣ ба таври ҳашар сохта шуда, ҷавобгӯ ба талаботи замон аст.

Иншооти варзишӣ барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардида, дарозии он 45 метр, бараш 22 метр буда, ба маблағи зиёда аз 650 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Зимни ифтитоҳи майдончаи варзишӣ Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ташаббуси ватандӯстонаи сокинонро намунаи ибрат арзёбӣ кард. Иброз гардид, ки чунин майдончаҳо барои ба варзиш машғул шудани наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам меоранд.

АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич

Февраль 8, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд